Хонум Насриддинова ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, духтараш (хоҳиш шуд, то номаш бурда нашавад) ва ҳамсабақони ӯ ҳунарманди касбӣ шудаанд: “Дар Сирк ҳамин хел қоида аст, ки ду сол дар студия таълим мегиранд ва баъд ба саҳна мебароянд. Духтари ман соли 2012 ба студия омада, соли 2014 онро хатм намуд ва диплом гирифт. Диплом маънии онро дорад, ки соҳиби он метавонад дар саҳна баромад кунад”.
Ӯ мегӯяд, духтараш ихтисоси “Эквибилирист- дорбоз”-ро дорад ва ба ғайр аз таҳсил дар Тоҷикистон дар Чин ҳам давраи омӯзишии 9- моҳаро гузаштааст: “Духтарчаи ман ҳамроҳи 9 нафари дигар аз ҷониби ҳукумат ва Вазорати фарҳанг барои сайқал додани маҳорат аз 26 ноябри соли 2015 то 19 июли 2016 ба Хитой рафта буданд ва аз онҷо низ диплом дорад. Қаблан дар назди Президент баромад карда буд ва раҳбари давлат низ дар ҳама вохӯриҳояш мегӯяд, наврасону кӯдакони болаёқатро дастгирӣ намоед, аммо директори Сирк ин ҳамаро ба назар намегирад”.
Вай афзуд, ҳарчанд духтараш баъди гирифтани диплом наздики ду сол дар саҳна баромад кард, аммо раиси Сирк иддао дорад, ки дипломҳои қаблан гирифтааи онҳо қалбакӣ мебошад ва бояд дубора курси таълимиро гузаранд: “Ман намедонам раҳбари Сирк бо кадом далел ин гапҳоро мезанад, дар ҳоле ки дипломҳоро раҳбарияти пешин ва намояндагони Вазорати фарҳанг супорида буданд”.
Ба гуфтаи Шаҳло Насриддинова сабаби роҳ надодани духтараш ба саҳна шикоятҳои ӯ ба мақомот аз раҳбарияти Сирк мебошад: “Нахустин шикояти ман аз он сар шуд, ки ҳамроҳи кӯдакони мо ба Чин нафареро фиристода буданд ки май менушид ва нисбати фарзандони мо дағалона рафтор карда, пулҳояшонро кашида мегирифтааст. Дар пайи тафтиши Сафорати Тоҷикистон дар Хитой ин исбот шуд ва бояд роҳбаладро бозхонд мекарданд, аммо накарданд. Дар бораи рафтору муносибати бади вай бо кӯдакони мо як роҳбалади дигар аз Ёқутистон низ ба “Сирки давлатии Тоҷикистон” занг зада гуфтааст, омада роҳбалади кӯдаконашонро гиранд, ки доим менушад ва бо кудакон муносибати дағалона дорад”.
Шаҳло иддао дорад, ки бо вуҷуди дастгирии раҳбарияти Сирк аз он роҳбалад, дар пайи шикоятҳои пай дар пайи ӯ, вайро аз кор озод карданд. “Ӯро аз Хитой бозхонд накарданд. Омад ва дубора ҷойи кор доданд, аммо қарори суд баромад, ки аз кор бо модда озод карда шавад. Раҳбари Сирк бошад ӯро бо хоҳиши худаш аз кор озод кард. Баъди даъвои дубораи ман бо модда аз кор ронд”,-илова намуд вай.