Ошкор шудани қасди ҷалби занони тоҷик ба фоҳишагӣ дар Дубай
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон 1-уми ноябр аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ду зани 19 ва 21-солаи тоҷикро, ки қасди парвоз ба Дубай доштаанд, бозпас гардондаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ муайян гардид, ки сокини 19-солаи шаҳри Хуҷанд ва зани 21-сола аз шаҳри Истаравшан ба Дубай барои истисмори шаҳвонӣ даъват шудаанд.
Манбаъ афзуд, дар пайи корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ 3-юми ноябр зани 34-сола, сокини ноҳияи Зафаробод дастгир шуд, ки духтарони ҷавони тоҷикро барои фоҳишагӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб даъват намудааст: “Феълан нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.