Номаи Инфантино ба Рустами Эмомалӣ: Табрикоти маро ба “Истиқлол” расонед
Ҷозеф Инфантино, президенти Федератсияи байналмилалии Футбол (ФИФА) тими “Истиқлол”-и Душанберо барои пирӯзӣ дар мусобиқоти Тоҷикистон табрик кардааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, Инфантино бо ирсоли як нома унвонии Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ гуфтааст, “табрикоти шахсии маро ба дастаи “Истиқлол” барои ғолибияташ дар мусобиқоти Тоҷикистон расонед”.
Ба иттилои манбаъ, Ҷозеф Инфантино пирӯзии “Истиқлол” дар мусобиқаи миллиро натиҷаи заҳмати бозигарон, мурабиён, мухлисон ва ҳамаи онҳое, ки дар тим кор мекунад, донистааст. “Дар ҳақиқат футбол мактаби ҳаётист ва ман бовар дорам, ки барои ҳама, махсусан ҷавонон ҳам дар ҳаёти шахсӣ ва ҳам иҷтимоӣ метавонад манфиатовар бошад. Барои ҳамин аз ҳамаи онҳое, ки дар дастаи “Истиқлол” кор мекунанд, даъват менамоям, барои фаъолият дар сафи пеш ва муваффақият корро идома диҳанд”.
Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе 29 октябр дар мусобиқаи Лигаи олӣ тими “Барқчӣ”-и пойтахтро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дода, ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфт.
“Истиқлол”-и Душанбе моҳи ноябри соли 2007 таъсис ёфта, имсол бори панҷум унвони қаҳрамони Тоҷикистонро ба даст овард. Президенти ин бошгоҳ аз лаҳзаи таъсисаш Шоҳрух Саидов мебошад. Гуфта мешавад, онро Рустами Эмомалӣ созмон дода ва дар бозиҳои аввал бевосита худаш ҳам иштирок мекард.
“Истиқлол” барандаи Ҷоми Президенти АФК дар соли 2012, барандаи Ҷоми байналмилалии Баҳористон 2014, 2015 ва иштирокчии даври финалии мусобиқаи Конфедератсияи футболи Осиё (2015) буд.
Нахустин сармураббии даста Қаноат Латипов буда (2007-2009), баъдан Салоҳиддин Ғафуров (2009-2010), Олимҷон Рафиқов (2010-1012), Никола Кавазович (2012-2013), Олег Ширинбеков (2013), Мубин Эргашев (2014-2016), Никола Лазеревич (2016 иҷ. сармураббӣ) ва ахинран Муҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси сармураббии даста интихоб гардид.