Рӯзи 28-уми ноябр «Роспотребнадзор»-и Русия бо пахши изҳороти нави расмӣ таъкид доштааст, ки касалиҳои сироятшавандаи барои атрофиён хатарнок, миёни шаҳрвандони хориҷии дар Русия қарордошта, аз ҳама зиёд дар шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Бино ба қавли масъулини ин ниҳоди Русия, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2011–ум ба Русия сафар кардаанд, 336 ҳолати касалиҳои сироятшаванда, аз ҷумла 96 ҳолати ВИЧ, 166 ҳолати сил ва 74 ҳолати сифлис ошкор гардидаст. Гуфта мешавад, ки кӯмаки тиббӣ ба сироятёфтагон аз ҳисоби маблағи буҷет, ки барои муолиҷаи шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудаанд, расонда мешавад. «Роспотребнадзор» бо такя ба арқоми овардашуда, ба масъулини ҳифзи тандурустии Тоҷикистон маслиҳат додаст, ки шаҳрвандонашонро пеш аз сафар ба Русия аз муоинаи тиббӣ гузаронанд.
Дар изҳорот омадааст, ки тибқи қарори ҳукумати Русия, шаҳрвандони хориҷие, ки дар онҳо касалиҳои сирояшаванда ёфт шудаанд, аз кишвар берун карда мешаванд.То имрӯз «Роспотребнадзор» нисбати 1 177 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қарор баровардаст, ки ба ҳудуди Русия роҳ дода нашаванд. Аз ин миқдор 204 нафарашонро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.Масъулини «Роспотребнадзор» мегӯянд, қарорҳои қабулшуда тибқи тартиби бадарғаи шаҳрвандони касал аз Русия, ба Хадамоти муҳоҷирати Русия супорида шудааст.