АКС: Қасди вуруди қисм-қисми мошинҳои гаронбаҳо ба Тоҷикистон
Марзбонҳои Қазоқистон як шаҳрванди Белорусияро дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Тибқи иттилоияи дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Қазоқистон ин шаҳрванди Белорусияро дар марз бо Қирғизистон боздошт кардаанд, ки талош кардааст ду мошини “BMW X6” ва “Toyota Land Cruiser Prado”-ро аз Литва вориди Тоҷикистон кунад: “Дастгиршуда ҳангоми тафтиши санадҳо ба марзбонон асноде пешниҳод кардааст, ки гӯиё 25 номгӯи қисматҳои эҳтиётии мошинро ба Тоҷикистон мебарад. Аммо зимни санҷиш дар байни қисмҳои эҳтиётӣ ду мошини гаронарзиши ба қисмҳо ҷудошуда ошкор гардид”.
Ба гуфтаи мақомот шаҳрванди Белорусия ба хотири напардохтани боҷи гумрукии мошинҳо даст ба чунин кор задааст.