“Нигоҳ” бо далели “адами мавҷудияти шароити лозим” дигар чоп намешавад
Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” аз қатъи нашри ҳафтанома хабар дод.
Дар баёнияи ин созмон далели ин тасмим “адами мавҷудияти шароити лозим” гуфта мешавад. “Даҳ сол, аз моҳи декабри соли 2006 “Нигоҳ” ба унвони як нашрияи миллӣ, ки ҳадаф аз таъсиси он - эҷоди манбаъи мустақили иттилоъот ва таҳлил барои одамони фаъол буд, дар хидмати ҷомеа буд ва рисолати хешро пеш мебурд. Нашрияи “Нигоҳ” талоше буд, ки бо шеваю усулҳои муҷоз, муҳимтарин масоили сарнавиштсозро мавриди баррасӣ қарор медод. Бунёдгузор ва аҳли қалами нашрия ҳаргиз ба масоили мубрами зиндагии мардум ва андешаҳои миллӣ бетафовут набудаанд”,-омадааст дар баёния.
Ба қавли бунёдгузори “Нигоҳ”, соҳибмансабон ва ниҳодҳои вежа борҳо кӯшиш ба харҷ доданд, то ба сиёсати нашрия дахолат кунанд: “Манофеъи шахсии хеш ё ҳаммаслаконашонро тавасути ин ҳафтанома таблиғ намоянд, ё ашхос ва ниҳодеро сияҳном кунанд, вале мо ҳаргиз ба худ иҷоза надодем, ки он чӣ хилофи инсоф, адолат, қонун ва манофеи миллии мо бошад, ба чоп бирасонем. Зеро барои мо садоқат ба арзишҳои инсонӣ, таъмини авлавияти қонун, ҳифзи манофеи ҷомеа ва давлатдории миллии тоҷикон вазифаҳои муқаддас мебошанд”.
Дар идомаи баёния гуфта мешавад, ҳамакнун, ки шароит барои табъу нашри як ҳафтаномаи мустақил мавҷуд нест, бунёдгузори нашрия ва аҳли эҷоди он тасмим гирифтанд, чопи онро қатъ кунанд: “Ин тасмим барои мо, бисёр ҷиддӣ ва басо душвор аст. Зеро марбут ба умеду интизориҳои ҳазорҳо хонанда, кормандон ва муаллифони нашрия мебошад. Бо сипос аз ҳамаи онҳое, ки ин муддат бо мо буданд, заҳмати аҳли қалами “Нигоҳ” буданро доштанд, замоне онро раҳбарӣ мекарданд, дар ҳамоишу идораҳо аз ин тарҳи барои миллату ҷомеа муҳимм ошкору ниҳон пуштибонӣ мекарданд, гӯшаву бахш, сиёсати иттилоотӣ ё фаъолияти идораи нашрияро мавриди таҳқиқи илмиву назариявӣ қарор медоданд, мунтазам ё гоҳе рӯзнома мехариданд, огоҳ мекунем, ки шароити таҳия ва нашри “Нигоҳ” дигар мавҷуд намебошад”.
Ҳафтаномаи “Нигоҳ” 14 декабри соли 2006 таъсис ёфта, журналисти таърихнигор Нуралӣ Давлат аз аввалин сардабирони нашрия буд. Ҳафтанома пас аз баста шудани се нашрияи мустақил – “Рӯзи нав”, “Нерӯи сухан” ва “Одаму олам” ба саҳнаи матуботи тоҷик ворид шуда, дар фазои расонаии кишвар мавқеъ ва ҷойгоҳи хоси худро дошт.
Давоми солҳои фаъолият ҳафтанома дасти кам се маротиба баста шудааст.