Бонувони рӯзноманигор Муҳайё Нозимоваро раҳбари худ интихоб карданд
Муҳайё Нозимова, журналисти шинохтаи тоҷик роҳбари Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон интихоб шудааст.
Интихоби хонум Нозимова дар нахустин анҷумани ассосиатсияи мазкур, ки имрӯз, 2 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, сурат гирифтааст.
Дар баробари роҳбар, вакилони анҷуман ҳамчунин аъзои Раёсат ва узви комиссияи назоратиро интихоб намуда, оинномаи ассосиатсияро баррасӣ кардаанд. Ба раёсат Вера Кулакова-Браннеруд (Душанбе), Салимахон Ваҳобзода (Душанбе), Раъно Зоирдухт (Истаравшан), Муштарӣ Асланшоева (Хоруғ), Нуриниссо Муртазоева (Қӯрғонтеппа), Фирӯза Мирҷумъаева (Хуҷанд) шомил шуда, раҳбарии комиссияи назоратӣ бар души Шаҳноза Ҳамдамова вогузор шудааст.
Идеяи таъсиси Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон дар гузашта борҳо садо дода буд, аммо ахиран Вера Кулакова, сарвари кулли ширкати телевизион ва радиои “Ватан” ҷиддӣ дастбакор шуд ва барои таъсиси он иқдом кард.
Гуфта мешавад, давоми як моҳи оянда санадҳои таъсисотии ассотсиатсия барои сабти ном ба Вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод шавад.