Қадрдонии тоҷири қирғизе, ки духтари ғарқшудаи тоҷикро наҷот дод
Шаҳрдори Бодканди Қирғизистон як тоҷири маҳаллиро барои аз ғарқшавӣ наҷот додани як сокини Исфараи Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст.
Расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, Гапарали Матазиев, раиси шаҳри Ботканд ба Абдусаттор Содиқов сипоснома ва туҳфаи пулӣ ҳадя карда, гуфтааст, ки амали Содиқов муносибатҳои қавмии тоҷикону қирғизҳоро мустаҳкамтар хоҳад кард: “Абдусаттор ба хунукӣ нигоҳ накарда, ба об даромад ва он занро наҷот дод. Чунин аъмол бояд барои дигарон ибрат шавад”.
Расонаҳо менависанд, 31 октябр ин тоҷири қирғиз як духтари тоҷики зодаи ноҳияи Исфараро, ки дар канал ғарқ шуд, дар ҳудуди Мин-Оруқи наздикии деҳаи Кӯктоши вилояти Ботканд наҷот додаст. Гуфта мешавад, Содиқов ҳангоми сафар ба қишлоқи Ортобоз, ки он ҷо боғчаи бачагона бунёд мекунад, духтари дар ҳоли ғарқшавиро дида, ӯро наҷот медиҳад.
Абдусаттор гуфтааст, духтар тақрибан 15-16-сола буд ва барои ба деҳааш фиристодан ӯро ба сарҳадбонони қирғиз доданд.