Ташкили системаи ягона алайҳи телефонҳои дуздӣ ва пастсифат
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми ноябр тағйирот ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро қабул кард, ки ба гуфтаи масъулини Хадамоти алоқа алайҳи ҷинояткориҳо равона шудаанд.
Адолат Абдураҳмонзода, муовини аввали Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадафи тағйирот ошкор кардани ҷинояткориҳо дар самти истифодаи телефонҳо, пешгирии интиқол, паҳн ва фурӯши телефонҳои пастсифат мебошад.
Абдураҳмонзода афзуд дар доираи тағйироти қабулшуда ташкили Системаи ягонаи идентификатсионӣ дар назар аст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад телефонҳои алоҳидаро бекор кунад. Аз ҷумла ӯ мисол овард, ки агар телефоне гум ё дуздида шавад, соҳиби он метавонад бо пешниҳоди рақам ба системаи ягона муроҷиат кунад ва ин телефон бекор хоҳад шуд: “Дигар аз ин телефон истифода бурдан ғайриимкон мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар сохтори Хадамоти алоқа Маркази ягонаи комутатории ширкати “Тоҷиктелеком” ташкил шуд, ки тамоми мухобироти интернетию мобилии байналмилалӣ тариқи он сурат мегирад. Дар қарори ҳукумат дар бораи ин марказ гуфта шудааст, ки ҳадаф назорат ва танзими трафики воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет мебошад: “Тамоми хизматрасониҳои байналхалқии алоқаи барқӣ ва интернет бояд тариқи маркази ягонаи комутаторӣ гузаранд, ки дар назди ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” ташкил шудааст”.
Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки иҷрои ин қарор барои ширкатҳои бозори мухобиротии кишвар ҳатмӣ мебошад ва Хадамоти алоқаро муваззаф намуд, ки дар соли 2016 иҷрои марҳила ба марҳилаи қарорро таъмин кунад.