Роҳандозии маҳдудият ҳангоми қабул ба кор дар Кумитаи амният
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 2-юми ноябр бо қабули тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” ҳангоми қабул ба кор дар ин ниҳод маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд.
Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, бар асоси тағйирот минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ ва афроде, ки душаҳрвандӣ доранд, наметавонанд дар мақомоти амнияти миллӣ фаъолият кунанд.
Умаров дар шарҳи ҳадаф аз ин тағйирот афзуд, ки ба ҳамин восита мехоҳанд аз дасnрас шудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба суоли “Озодагон”, ки оё то имрӯз дар мақомоти амният хориҷиҳо кор мекарданд, посух дод, ки то ҳол дар амалия чунин ҳолат набуд, аммо маҳудият низ мавҷуд надошт: “Мо инро аз лиҳози қонун мамнуъ кардем. Ин таҷриба дар дигар кишварҳо ҳам аст”.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати адлия бо ҳимояти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пешниҳод шудааст.