Мақоми нави Шералӣ Ҷононов
Шералӣ Ҷононов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка таъин гардид.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзудааст, ки бар асоси фармони Президент Ҷононов ҳамчунон дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Покистон боқӣ хоҳад монд: “Вазифаи сафирӣ дар Шри-Ланка ва Покистонро ҳамзамон иҷро хоҳад кард”.
Шералӣ Ҷононови 45-сола аз моҳи январи соли 2013 ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Покистон фаъолият дорад.