Сипосномаи раиси Шӯрои вазирони Амороти муттаҳидаи Араб ба духтари тоҷик
Омина Неъматова, хонандаи яке аз мактабҳои ҳамагонии Аморати муттаҳидаи Араб барои пирӯзӣ ва иштирок дар мусобиқаи байналмилалии “Қироати арабӣ” бо сипосномаи Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум - ноиби раиси Давлат, раиси Шӯрои вазирони Аморот ва Ҳокими Дубай қадрдонӣ шудааст.
Ин тоҷикдухтар дар марҳилаҳои мактабӣ ва Аморати Аҷмани мусобиқаи мазкур пирӯз шуда, дар марҳилаи сатҳи Аморот барои иштирок бо Сипоснома сарфароз гардидааст. Дар Сипосномаи Муҳаммад бин Рошид Оли Мактум аз ҷумла гуфта мешавад: “Ин сипосномаро бо қадрдонӣ барои ба анҷом расондани хондани 50 китоб дар мусобиқаи китобхонӣ дар соли таҳсили 2015-2016 бароят мефиристам. Ба шумо дар ҷодаи илму маърифат муваффақияти ҳамешагӣ ва комёбӣ хоҳонам”.
Омина Неъматова хонандаи мактаби ҳамагонӣ дар Аморати Аҷман мебошад. Хонаводаи ӯ аз охири солҳои 90-уми қарни гузшта дар Амороти муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекунад.