Устод Айнӣ ва “Бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ”
“Се касро аз роҳрави арк ба дарвоза бароварданд, ки дастони ҳамаашон ба пеш бастагӣ буд. Дар байни тамошобинон як ҳайяҷон, як ҷунбиш ва як шувосзанӣ сар шуд. Баъзеҳо ба сарҷунбонӣ ва бо ним садои комузабонӣ аломати афсӯс нишон медоданд. Баъзеҳо дар ҷои худ бесаброна ҷунбида, гоҳ ба тарафи арк ва гоҳо ба тарафи бозори ресмон нигоҳ мекарданд, маълум буд, ки инҳо ба як тамошои фавқулодае мунтазиранд ва зудтар ба вуқуъ омадани вайро хоҳонанд.
Он кори шуданӣ дар назари онҳо як кори одие менамуд. Аммо ба ҳама ин маълум буд, ки он се нафар дастҳошон ба пеш баста шуда дар ҳамин 5-6 дақиқаи наздик кушта хоҳанд шуд.
Миршаб он ҳукмномаро гирифта аввал бӯсида, баъд аз он аз сараш болотар бардошт, пас аз он ба чашмон молид ва дар охир бӯсида ба бағали худ андохт (ин корро чанд маротиба такрор кард) ва бо ишора ба одамони худ фармон дод.
Мулло Туроб ва Мулло Бозор ва як нафари бечораи дигар ба ҷои Насми Хархӯр дар издиҳоми мардум ва пеши чашмони “Ҷаноби олӣ” дар ниҳояти бераҳми кушта шуданд”.
Ин гуфтовардҳо афсона ва ё ривоёт нест. Ин як воқеъияте аст, ки Устод Садриддин Айнӣ онро бевосита шоҳид буда ва дар асари арзишмандаш “Ёддоштҳо” таҳти унвони “Одамкушӣ ва “бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ” тасвир намудааст.
Ба нақли Устод Айнӣ ин се нафар комилан бегуноҳ будаанд. Мулло Туроб ва Мулло Бозор яке аз пешқадамтарин донишҷӯён ва ҳамзамон донишмандони замони худ дар мадрасаҳои Бухоро ба ҳисоб мерафтанд. Устод менависад, “баъди қатли ин се нафар як гуруҳ калбачагон дар даст замбарҳо пайдо мешаванд. Дар тани ин калбачаҳо куртаву лозимӣ набуд, фақат ба ҷои лозими як латтаи ҷиғида – ҷиғида даридаро лӯнгивор ба миёнашон печонида буданд... Бо намудор шудани калбачаҳо аз даҳони мардум садо баромадан гирифт. Бойбачаҳои ҷаноби олӣ, бойбачаҳои ҷаноби олӣ!”
Ин ҳодисаи воқеъиро Устод Айнӣ бевосита дида ва онро дар “Ёддоштҳо” нигошт. “Бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ инсонҳоеро, ки дар зиндонҳои амир вафот мекарданд ё ба дор овехта мешуданд бо худ бурда мурдаи онҳоро ба соҳибонашон мефурӯхтаанд. Агар мурдаҳо соҳиб пайдо накунанд ё камбағал бошанд барои гӯр кардани онҳо аз мардум маҷбури маблағ меситондаанд. Инчунин бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ дар низоми аморати Бухоро даст ба бедодгариҳои зиёде мезаданд. Аз ҷумла дар роҳҳо истода аз мардум пул меситондаанд, моли мардумро ғорат мекардаанд ва инчунин душманони сарсахти донишмандон ва дигарандешони низоми ҳокимони Бухоро будаанд. Бедодгариҳои бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ дар рӯзи рӯшан ва дар пеши чашмони амалдорон ё худ сохторҳои низомии аморати Бухоро мегузаштааст. Онҳо савод ё фаҳмиши диниву дунявӣ надошта, ҳамчун робот идора шуда, танҳо аз амир ва идораи ӯ фармонбардорӣ менамудаанд. Гарчанде бисёрашон фақирона зиндагонӣ ҳам бикунанд, аммо дар ҳама ҳолат аз амири Бухоро итоат мекардаанд. Онҳо, ки бо ин ҳама бедодгариҳо, зулму ситамҳо ва дуздию ғорати мардум шинохта шуда дар бештари маврид фақирона зиндагӣ мекардаанд, аммо бо вуҷуди ин мардум онҳоро бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ унвон додаанд.
Устод Айнӣ мегӯяд, аз дӯсташ Пирак пурсидааст, ки чаро мардум онҳоро “бойбачаҳои Ҷаноби Олӣ” мегӯянд?
-Сабаб ин аст, ки – гӯфт ӯ, амири ҳозира Абдулаҳад шоир аст. Ӯ дар васфи ин калбачагон як байт гуфтааст ва онҳоро ҳомиёни ватан унвон карда, ба онҳо изҳори муҳаббат намудааст... Ба ин муносибат мардуми Бухоро ба ин калбачагон “бойбачаҳои ҷаноби олӣ” ном додаанд.
Аҷибии ин ҳодисаҳо дар он аст, ки бинобар қавли дӯсти Устод Айнӣ – Пирак, “мардуми Бухоро одамони зираканд, ҳар корро мефаҳманд ва ба ҳар чиз номи муносиб медиҳанд. Айбашон фақат дар ин аст, ки ба муқобили ин зулмҳо ҳаракате намекунанд ва ба сабаби бисёр зулм кашидан ситамкашӣ ба онҳо одат шуда мондааст, чунонки ба бангкашон ва тарёккашон кашидани ин чизҳои одамхаробкун одатшуда мемонад”.
Гоҳо хомушӣ дар баробари беадолатиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, эътиқодию фарҳангӣ на танҳо як шахс ё гуруҳу авлодеро, балки як миллатро манқурт мекунад.
Навиштани ингуна ҳодисаҳо аз таърихи як миллат танҳо ба хотири хондан ё огоҳ шудан аз гузашта нест. Балки барои сабақ аст, то наслҳои баъдӣ дучори иштибоҳот нашаванд. Онҳо огоҳ бошанд, ки одитарин хато ва гузашт метавонад як миллатро дар дарозои таърих ғулом, бечора ва таҳқиршудаву нотавон бигардонад.
Таърих ҳамеша барои ифтихор нест. Он дарси ибрат ва оинаи ҳар миллате аст, ки дар гузашта кадом иштибоҳ онҳоро дучори ақибмондагӣ, бебандуборӣ ва шикасту бедавлатӣ кард.
Таҳияи Далер Шарифов