Муҳаққиқ: “Ролтон” мехӯрам, то нафақаам барои супоридани пули барқу дигар ҳолатҳои зиндагӣ бирасад
Имрӯз, 1 ноябр “Барқи тоҷик” расман аз ҷорӣ шудани реҷабандии нерӯи барқ дар кишвар хабар дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки расо баъди як моҳ зимистон меҳмони хонадони мо мешавад. Дар ҳамин бастагӣ “Озодагон” аз чанд нафар пурсид, ки ЧӢ ҚАДАР БАРОИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДАЕД?
Манижа ҚУРБОНОВА, хабарнигори “Азия-Плюс”
Ҳама то маош зиндагӣ мекунем ва ҳамин, ки гирифтем фикри як-ду рӯзи ояндаро мекунем. Ҳоло дар фикри харидани анҷому пойафзоли зимистона барои кӯдаконам ҳастам. Дар масъалаи барқ пурсиданӣ бошед, зимистони гузашта қариб 40% маош фақат барои барқ сарф мешуд. Имсол оби гарм ваъда доданд, мебинем, ки чӣ мешавад. Порсол бисёр сабзавот барои зимистон захира карда будам, имсол фақат мураббо. Омодагии мо ба зимистон ҳамин қадар.
Баҳодур ҶУМЪАЕВ, сокини ВМКБ
Ҳанӯз ҳезуму ангишт надорем. Хунуктар шуд, харидорӣ мекунем. Як дарзача ҳезум 8 сомонӣ (агар қиматтар нашуда бошад) ва як халта ангишт то 30 сомонӣ аст.
Аҳмадхуҷа ДАВЛАТОВ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ
Барои гузаронидани зимистон ҳамаҷониба тайёрем. Ангишт, ҳезум ва сару либоси кӯдакон барои зимистон омода аст. Якшанбеи ҳафтаи гузашта ҳамроҳи кӯдаконам бозори Корвон рафтам. Бозор пур аз мардум хаст. Маълум аст, ки мардум барои зимистон омодагӣ дида истодаанд ва шароити хуб муҳайё аст.
Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ, таҳлилгари масоили дин
Барои зимистонгузаронӣ омодагӣ надорам. Зеро захираи пулӣ надорам. Кушиш мекунам бо либосҳои соли гузаштаам замистонро паси сар намоям. Нарху навои маводи озқуворӣ нисбат ба соли гузашта, қимат мебошад. Шабҳо бо хурдани “Ролтон”-и як сомона қаноат мекунам, то нафақаам барои супоридани пули барқ ва дигар ҳолатҳои зиндагӣ бирасад.
Бобак СУҒДӢ, шоир
Мо, ки дар русто зиндагонӣ мекунем, агар лимити барқро дар назар нагирем, ангишту ҳезум мехарем ва бад нест омодагӣ.
Алохӯҷа СУРХОВ, омӯзгор, вилояти Хатлон
Ба масъалаи зимистонгузаронӣ, аниқтараш мавсими сармо ягон тайёрии ҷиддӣ надидаем. Зеро дар биноҳои шаҳрак имконияти сӯхтусӯзи ангишту ҳезум ғайриимкон аст. Ягона воситаи асосии зидди хунукхӯриро дар барвақт хоб рафтан ва истифодаи кӯрпаи нисбатан ғафс мебинем. Боке нест, зеро мо одат кардаем.
Диловар САДРИДДИНОВ, сокини шаҳри Душанбе
Аз сабабе ки ҷойи кори доимӣ надорам барои гузаронидани зимистон омода нестам. Мо дар маркази шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунем, вале то зимистони соли гузашта оби гарм надоштем. Имсол мувофиқи ваъдаи раиси шаҳр бояд оби гарм дода шавад. Агар оби гарм дода нашавад, зарурат меояд, ки бухории бобоиро бимонем. Хонаи мо заминӣ аст ва мо имкони гузоштани бухориро дорем. Аммо ин боз хароҷоти иловагиро талаб мекунад, ангишт зарур мешавад, ҳезум лозим аст. Гузашта аз ин, ҳарчанд мо дар ҳамсоягии шабкаҳои барқи Душанбе ҳам бошем, вале аз қатъ шудани барқ эмин нестем. Барои ҳамин гуфтан наметавонам, ки мо барои гузаронидани зимистон омодаем. Соли 2009 дар Бишкек будам ва онҷо 11 моҳ дар ҳамом оби гарм буд. Танҳо дар тобистон оби гарми қубурҳои гармкунандаро қатъ мекарданд, вале оби гарм барои истифода буд. Як моҳ танҳо ба ин хотир қатъ мешуд, ки корҳои тозакориву навсозӣ мегузарониданд.