Генерал Назарзода дар Ҳиндустон аз талошҳои Тоҷикистон оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ мегӯяд
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои изтирорӣ ба Ҳиндустон рафтааст.
Умеда Юсупова, сухангӯи кумита ба “Озодагон” гуфт, дар ин ҳамоиш масоили коҳиши хатароти офатҳои табиӣ ба баррсӣ гирифта мешавад. Ӯ афзуд, конфронси мазкур таҳти раисии генерал-лейтенант Рустам Назарзода шурӯъ гардида, нахуст масъалаҳои ҳамгироии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва нақша-чорабиниҳо дар доираи барномаҳои коҳиши хатари Сендай барои офатҳои табиӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ мавриди муҳокима қарор мегирад: “Ғайр аз ин, роҳбари кумита ба иштирокчиёни конфронс оид ба натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар доираи Эъломияи Душанбе, ки дар ҷаласаи якуми Платформаи минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки дар шаҳри Душанбе аз 12 то 14 июли соли ҷорӣ баргузор гашта буд, маълумот пешниҳод менамояд”.
Хонум Юсупова яке аз ҳадафҳои аслии иштироки раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистонро “ҷалби таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ” унвон кард. Қарор аст, дар доираи ин сафар генерал Назарзода бо раҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ ва донорҳо оид ба ҷалби кумаки беруна ҳам мулоқот намояд.
Дар кори ҳамоиши мазкур намояндаҳои 54 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.