Шарҳи ВКД дар бораи сӯхтор, ки ҷони се кӯдакро рабуд
Манобеи “Озодагон” мегӯянд, баъди зуҳри 31-уми октябр дар пайи бозии кӯдакон бо гӯгирд каҳдони як сокини деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ оташ гирифта, се кӯдаки аз 2 то 5-соларо ба коми худ фурӯ бурдааст.
Аз шуъбаи эҳёгарии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, вақте кӯдакон ба беморхона оварда шуданд, ҳудуди 80-90 дарсади баданашон сӯхта буд ва имкони наҷоти онҳо вуҷуд надошт. Аз кӯдакони марҳум Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011, Ёқубҷон Меҳриддинов, соли таваллудаш 2013 ва Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014 ном бурда мешавад.
Шаҳноза Аҳмадова, модари ду кӯдаки ҷондода зимни талоши наҷоти фарзандонаш ҷароҳат бардоштааст, аммо ба гуфтаи масъулини беморхона баъди гирифтани ёрии тиббӣ аз бемористон мураххас шуд: “Танҳо модари кӯдакон ҷароҳат бардоштааст, аммо баъди гирифтани ёрии тиббӣ аз беморхона рухсат шуд, зеро имрӯз 1-уми ноябр маросими видоъ бо кӯдакон баргузор мешавад”.
Шарҳи ВКД дар бораи ин фоҷеа:
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки соати 16:20-дақиқа, дар масоҳати 6 метри мураббаъ дар коҳдони сокини деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ, Қурбонов Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1982, сӯхтор ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар натиҷаи аланга гирифтани коҳдон соҳибхоназан Аҳмадова Шаҳноза, соли таваллудаш 1988 ва се кӯдаки ноболиғ ҷароҳатҳои сӯзиши бадан гирифта, дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бистарӣ карда шуданд. Ҳангоми сӯхтор аъзои бадани шаҳрванд Аҳмадова Шаҳноза 15% сӯхтааст. Писаронаш Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014, Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011 ва писари ноболиғи ҳамсоя Меҳридини Ёқубҷон, соли таваллудаш 2013, дар натиҷаи сӯхтани қисми зиёди бадан дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Сӯхтор бо қувваи 26 нафар аҳолии деҳа хомӯш карда шуд”.
Вазорати умури дохилӣ сабаби сар задани сӯхторро беаҳамиятии волидайн ва оташбозии кӯдакон дар ҷойи ҳодиса арзёбӣ кард.