“Барқи тоҷик” “лимит” ва шарти иҷрои онро эълон кард
Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, бо далели сардӣ ва коҳиши оби дарёи Вахш сар аз имрӯз, 1-уми ноябр маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин маҳдудият ба шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳои калони саноатӣ дахл надорад. Ҷаноби Ёдгорӣ афзуд, ҳоло ҳар шабонарӯз дар кишвар 35-38 миллион киловатт-соат энергияи барқ истеҳсол мегардад, ки он ба тамоми шаҳр, вилоят ва ноҳияҳои тобеи марказ, вобаста ба шумораи аҳолӣ ва ҳаҷми истеҳсолот тақсим мешавад. Ба суоли “Озодагон”, ки маҳдудияти интиқоли барқ чанд соатро ташкил хоҳад дод, Ёдгорӣ гуфт: “Соаташро эълон намекунем. Дар охири ҳар моҳ натиҷагирӣ мешавад, ки кадом вилоят бояд чӣ қадар барқ мегирифт ва чӣ қадар дастрас кард. Дар ҳар минтақа ҳар қадар барқ сарфа гардад, соатҳои истифодабарии он зиёд мешаванд. Ҳамин тариқ, зиёдтар бо барқ таъмин будани мо аз сарфакорона истифода бурдани барқ аз ҷониби ҳар як муштарӣ вобастагӣ дорад”.
Ӯ афзуд, ҷадвали ҳармоҳаи таъминот бо энергияи барқ бо пешниҳоди ШСХК “Барқи тоҷик” аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва дар он тавзеҳ дода шудааст, ки таъминоти пурраи барқ дар доираи ин ҷадвал дар сурати пурра пардохт шудани ҳаққи барқи истифодашуда амалӣ мегардад: “Вобаста ба ин, ширкати “Барқи тоҷик” ба пурра риоя намудани интиқоли барқ аз рӯи меъёри муқарраршуда ҳангоме кафолат медиҳад, ки ҳаққи барқ пурра пардохт шуда бошад. Он муштариёне, ки аз ҳаққи истифодаи барқ қарздор нестанд, меъёри барқи муайяншударо пурра мегиранд”.
Шартгузории “Барқи тоҷик” барои риояи “лимит” дар ҳолест, ки мардуми навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, давоми ҳафтаҳои охир барқро бо маҳдудият мегирифтанд.