1100 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”
Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди талошҳои ҳукумат ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, тамоюли ифротгароӣ дар кишвар чандон коҳиш наёфтааст.
Худобердӣ Холиқназар ин нуктаро, имрӯз, 31 октябр дар ҳамоиши “Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ” дар Душанбе иброз дошта, таъкид намудааст: "То ҳанӯз мо натавонистаем дар кишвар камари ифротгароию тундгароиро шиканем". Ба гуфтаи ӯ, танҳо соли равон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 74 нафар бо далели робита бо гуруҳҳои ифротӣ боздошт гардида, нисбат ба 43 тани онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Ба қавли раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар вилояти Суғд фаъол будани институти “бибиотунҳо” бештар ҷавононро ба худ ҷалб намудааст ва вуҷуд доштани ин тамоюл ба ташаккули муҳити исломӣ мусоидат намудааст”.
Худобердӣ Холиқназар мегӯяд, эмиссарони хориҷӣ талош менамоянд, бештар занони ҷавонро ҷалб созанд, зеро занон камтар мавриди таваҷҷуҳ ва тафтиши мақомот қарор мегиранд.
Дар конфронси мазкур таъкид шуда, ки феълан 1100 шаҳрванди Тоҷикистон дар сафи гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ меҷанганд, ки аз ин шумора 210 нафар сокини вилояти Хатлон ва 394 кас аз вилояти Суғд мебошанд. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути қаламрави Русия ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.