Дар ин бора зимни пахши як изҳороти ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон омадааст. Дар баёнияи мазкур, ки субҳи имрӯз, 29-уми ноябр тариқи расонаҳо паҳн гардид, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ин бори аввал нест, ки муҳоҷирини тоҷик мавриди таҳқир, шиканҷа ва куштор қарор мегиранд. Вале куштори ахир паём ва ҳушдори хатарнокест ба ҷомеъаи Русия ва Тоҷикистон, ки набояд нисбат ба он бетараф буд.
Ҳамзамон, Шӯрои сиёсии ҲНИТ менависад, боиси таассуф аст, ки муҳоҷирини тоҷик бо доштани мушкилоти бешумор ахиран, боз ноодилона ҷузъи бозиҳои сиёсӣ гардонида шуданд, ки барои нерўҳои ҷиноятпешаи фурсатталаб заминаро фароҳам сохт, то онҳоро бештар мавриди ҳуҷум ва таҳқир қарор бидиҳанд. Агарчӣ мақомоти Русия рўзҳои ахир иқдомотеро барои муътадил гаштани фазо атрофи муҳоҷирини тоҷик андешидаанд ва он таъсири мусбати худро расонидааст, вале ҳодисаи мазкур баёнгари он аст, ки ин иқдомҳо кофӣ нестанд. Ҳамчуноне ки изҳоротҳо ва мавқеъгириҳои беасос ва ҳангомаҷўёнаи иддае аз мақомот ва шахсиятҳои Русия вазъи муҳоҷирини тоҷикро номусоид гардонд, барои мӯътадил сохтани фазо зарур аст, ки мақомот ва шахсиятҳои калидии ин кишвари ба мо дӯст мавқеъгирӣ ва иқдомҳои мушаххас ва таъсирбахш барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва пешгирии ҷиноятҳои нажодпарастона нишон диҳанд. Беҷазо мондани ин гуна ҷиноятҳо пеш аз ҳама зарбаест ба худи Русияи сермиллат ва гуногунмазҳаб. Русия ҳамеша бо фашизм дар ҳама шаклҳояш мубориза бурдааст ва ҷои таассуф аст, ки ин кишвар вақтҳои охир худ дучори ин мушкилӣ гаштааст.
Дар поёни изҳорот омадааст: «Шўрои сиёсии ҲНИТ боварӣ дорад, ки ҳукумати ҶТ тамоми чораҳоро барои дифоъ аз муҳоҷирини тоҷик дар хориҷ меандешад ва ошкор кардану ба ҷазо кашидани ҷинояткорони ин ҳодисаро аз авлавиётҳои сиёсати худ қарор хоҳад дод. Зеро саҳлангорӣ ва бетафовутӣ дар ин амр боиси дастдарозии бештари ҷиноятпешагон алайҳи муҳоҷирини тоҷик гаштааст.
Инчунин зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерўҳои солими ҳарду миллат дар ҳамкорӣ бо мақомоти расмии кишварҳои худ барои муътадил сохтани фазо атрофи муҳоҷирини тоҷик талоши бештаре ба харҷ диҳанд».