Ҳимояти Президент аз иди нав дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” бар асоси қарори ҳукумат, ки аввали моҳи равон имзо шуд, дар Тоҷикистон иди нав роҳандозӣ хоҳад шуд: “Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар мавриди ин тарҳ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тобистони соли равон пешниҳод шуд ва ҳукумат моҳи ҷорӣ ҷонибдорӣ кард”.
Бар асоси тағйирот дар назар аст, ки 10-уми январ иди касбии кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил гардад, ки 80-умин иди расмӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Маҳз 10 январи соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Пешниҳоди иди касбии кормандони Оҷонсӣ дар ҳолест, ки ду моҳ баъд 10-солагии таъсиси ин ниҳод таҷлил хоҳад шуд.