Бозор Собир: "Масъалаи гонорар ҳал шуд"
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик мегӯяд, даъвояш барои рӯёндани ҳаққи қалам аз Кумитаи радиою телевизион ва бархе нашриётҳои кишвар ҳал гардид.
Бозор Собир дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “масъалаи ганарар ҳал шуд”, аммо аз шарҳи бештари масъала худдорӣ кард.
Қаблан ин шоири саршиноси Тоҷикистон бо ирсоли як ариза ба бахши захираҳои зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ хоҳиш карда буд, ки ҳаққи қаламашро аз бархе чопхонаҳо ва Кумитаи радио ва телевизион, ки осори ӯро бидуни қарордод ё иҷозаи ӯ нашр кардаанд, руёнад. Дар пайи ин даъвои Бозор Собир бархе аз аъзои дигари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мушкили гирифтани ҳаққи қаламро аз Кумитаи радиою телевизион тасдиқ карданд.
Аммо Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон дар шарҳи даъвои Бозор Собир ба расонаҳо гуфт, ҳар як муаллиф ҳуқуқи даъво ва гирифтани ҳаққи заҳматро дорад, аммо барои ин бояд бо муассиса ё шахси алоҳида қарордод дошта бошад.
Пирзода афзуда буд, ки Бозор Собир бо Кумитаи телевизион ва радио шартномае дар хусуси барномае надорад ва агар ашъори ӯ дар чорабиниҳои ҳукуматӣ истифода шавад, бояд мутасаддиёни чорабиниҳо ҳаққи қаламашро пардохт намоянд.