Тавре Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ҷаласа дар баробари дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар самти хизматрасониҳо ба аҳолӣ ва фаъолияти сохторҳои марбутаи хизматрасон, қабл аз ҳама вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, ҳолати роҳу пиёдагардҳо ва латокҳои обпартои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаноби Убайдуллоев нисбат ба фаъолияти ҷойдошта дар нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе Абдулхайр Оев танбеҳ эълон карда, муқаррар сохт,ки фаъолияти Ситоди шаҳрӣ бобати ба танзимдарории хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Субҳон Сафиалоев назорат бурда мешавад дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи тадбирҳои шаҳрдории Душанбе нисбат ба дастгирии иҷтимоии категорияҳои оилаҳои камбизоат ва шахсони ба ғамхорӣ ниёзманди шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар доираи қарорҳои қабулнамудаи раиси шаҳр расонидани кўмакҳои доимиро ба ин категорияҳо вусъат бахшида, пайваста аз натиҷаи он ва мониторинги корҳои суратгирифта унвонии шаҳрдорӣ ахбор манзур созанд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои истифодабарии замин, қабл аз ҳама татбиқи нақшаи генералӣ дар маҳаллаи Ховарон ва ҳолати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тибқи муқаррарот барои воқеияти ниёзмандии муроҷиаткунандангонро ба қитъаи замин бобати сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ муайян намудан ба ноҳияҳои шаҳр фиристода шудаанд, зикр сохт, ки зери масъулияти муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе тезонидани корҳои омўзишӣ дар ноҳияҳо вусъат бахшида шавад.
Зикр гардид, ки барои расидагӣ ба арзу шикояти сокинони пойтахт телефонҳои боварии 221-98-51, 221 -25-96, 221-13-11 ва пуштаи электронии райиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com омодаи қабули муроҷиати шаҳрвандон аст ва дархостҳои мазкур ҳар ҳафта бо иштироки ҷонибҳо рўзҳои шанбе зимни қабули шахсии раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа аз ҷониби райиси шаҳр як қатор дигаргуниҳои кадрӣ андешида шуд, ки тибқи он Холиқов Муним Маруфович бинобар сардори шўъбаи Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъин шудан муаррифӣ гардида, директори муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» Назаралӣ Сатторов ва директори «Боғи Дўстии Халкҳо» Алӣ Фақеров аз вазифа сабукдўш карда шуданд.