Суғд: Судя бо $50 000 боздошту бо $76 000 озод шуд
Хуршед Сангинзода, раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо пардохти 600 ҳазор сомонӣ, муодили 76 ҳазор доллар аз толори додгоҳ озод шудааст.
Сангинзода моҳи августи соли 2016 аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Он замон гуфта шуд, ӯ ҳангоми гирифтани ду ҳазор доллар пора дастгир шуда, талош кардааст, ки бо пешниҳоди 50 ҳазор доллар ба корманди Оҷонсии зидди фасоди молӣ раҳо гардад.
Дар пайи расонаӣ шудани ин хабар, дафтари матбуоти Президент фармони Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, Хуршед Сангинзода “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мақомаш барканор шудааст.