Тоҷикистонро дар озмуни “Мусиқии шарқӣ”-и Маскав Шаҳло намояндагӣ мекунад
Шаҳло Каримова намояндаи Тоҷикистон дар озмуни “Мусиқии шарқӣ” хоҳад буд. Ин озмун 29 октябр дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад.
Хуршеда Ҳамроқулова, раҳбари “Маркази фарҳангии Тоҷикистон” дар Русия мегӯяд, дар озмуни мазкур ҳамчунин намояндаҳои Русия, Озарбойҷон, Афғонистон ва Узбакистон иштирок мекунанд: “Онҳо беҳтарин таронаҳои шарқиро иҷро хоҳанд кард. Ҳамроҳи онҳо дар як саҳна ситораҳои Русия суруд хоҳанд хонд”.
Ба гуфтаи хонум Ҳамроқулова, чун озмуни мазкур бори аввал доир мешавад, Тоҷикистонро танҳо як нафар намояндагӣ мекунад: “Аммо дар оянда мехоҳем, ки намояндаҳои миллатҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон бештар бошанд”.
Озмуни “Мусиқии шарқӣ” дар Хонаи фарҳанг, воқеъ дар метрои “Волгоградский проспект” бо дастгирии “Россотрудничество”, Департаменти сиёсати миллӣ, иртиботи байниминтақавӣ ва туризми шаҳри Маскав баргузор шуда, ҳадафи он “таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо” гуфта мешавад.