Рейтинги “Пешбурди тиҷорат”: Тоҷикистон 4 зина пеш рафтааст
Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ҷадиди худ -- “Пешбурди тиҷорат 2017” Тоҷикистонро миёни 189 давлати дунё дар ҷойи 128-ум қарор додаст. Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 4 зина беҳтар шудааст. Дар гузориши “Пешбурди тиҷорат барои соли 2016” Тоҷикистон дар зинаи 132 қарор дошт.
Бар асоси гузориши ҷадиди Бонки ҷаҳонӣ, бо вуҷуди 4 зина пешрафт Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно аз ҳама поин қарор гирифтааст. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар ҷойи 35, Қирғизистон – 75 ва Узбакистон дар зинаи 87-анд. Қазоқистон инчунин ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ фароҳам аст, шомил гардидааст.
Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ зимни раддабандӣ, 10 нишондод, аз ҷумла сабти корхона, гирифтани иҷозатнома барои сохтмон, таъминот бо барқ, сабти моликият, қарзгирӣ, ҳимояи сармоягузор, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, таъмини иҷрои созишномаҳо ва ҳалли муфлисшавиро ба назар гирифтаанд.
Дар садри рейтинг Зеландияи Нав нишастааст. Сингапур, ки 10 соли ахир ҳамеша дар мақоми аввал буд, имсол дар ҷойи дуюм аст. Дания, Ҳонконг, Ҷумҳурии Корея, Норвегия, Бритониёи, ИМА, Шветсия ва Мақдуния шомили даҳгонаи авваланд.
Аз миёни кишварҳои ИДМ Гурҷистон дар ҷойи 16, Арманистон 38, Белорус 37, Русия 51, Молдов 44, Озарбойҷон 65 ва Укроин 80 қарор гирифтаанд.