Дар он дигарбора таъкид мешавад, ки Ӯзбакистон ҳамоно дар мавқеи рӯшан ва фаҳмои худ, қобили қабул набудани сохтмони ҳама гуна иншооти бузурги энержии обӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ устувор аст ва ин гуна иншоотҳо бояд бо ризоияти тамоми тарафҳо сохта шаванд.
Маврид ба ёдоварист, ташхис ва ё экспертизаи байналмилалии НБО-и Роғун дафъаи сеюм аст, ки аз сӯи ниҳодҳои марбутаи ҷаҳонӣ сурат мегирад ва ин ҳам дар робита ба талаби ҳукумати Ислом Каримов. Баҳсҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон сари сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз оғоз бидуни тағйири мавқеи ҷонибҳо идома дорад. Ӯзбакистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа мухолифи сарсахти ин тарҳ аст. То ин замон даҳҳо муроҷиат ба созмонҳои байналмилаливу маводи хилофи ин тарҳ дар расонаҳои мухталиф ба табъ расидаанд. Коршиносон матлаби охирини вазорати корҳои хориҷии Ӯзбакистонро аз ин силсила унвон мекунанд ва меафзоянд, ин охирин матлаб нахоҳад буд.
Георгий Кошлаков, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон, ҳоло устоди донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, ки аз ширкатдорони нишасти Алмаато буд, ба радиои Озодӣ гуфтааст: «Хуб мешавад, ки ин баромадҳои Тошканд нодида гирифта шавад. Ба назари ман, онҳо аз фикри худ нахоҳанд гашт. Аммо ин ба раванди сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ таъсире дошта наметавонад. Дигар тарафи масъала ин аст, ки экспертиза чӣ хулоса мебарорад, ки нав сар шуд. Мо дар Алмато бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ошно шудем ва ростӣ, ҳирфаияти онҳо маро дар ҳайрат гузошт. Ба назари ман, онҳо хулосаи боадолатона мебароранд. Ӯзбакҳо мегӯянд, ки новобаста аз натиҷаҳои экспертиза онро қабул нахоҳанд дошт, пас суол мешавад, ки чӣ қобили қабул аст? Магар фақат фикри онҳо қобили қабул аст? Дар ин бора чӣ ҳам мешавад гуфт. Ин як баромади ғайриҳирфаӣ аст».{jathumbnail off}