“ТАЛКО” аз Вазорати молия ба ҳукумат шикоят мебарад
Корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” гузориши Вазорати молияи Тоҷикистонро дар мавриди фаъолияташ ғайривоқеӣ ва ғайрикасбӣ хонд.
Игор Сатторов, сухангӯи ТАЛКО, имрӯз, 27-уми октябр зимни қироати изҳороти расмӣ гуфт, ба Вазорати молия посухи муфассалро таҳия доранд ва аз ҳукумат баҳогузории воқеии фаъолияти ТАЛКО-ро хоҳиш хоҳанд кард. Ӯ афзуд, инчунин бо пешниҳоди ҳисоботи муфассал ба ҳукумат хоҳиш хоҳанд кард, ки гузориши ғайривоқеии Вазорати молия баррасӣ шавад. ТАЛКО инчунин иддаои Вазорати молияро дар бораи пинҳон кардани миллиардҳо сомонӣ беасос хонда, аз Вазорати молия далели ин изҳоротро талаб дорад.
Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, фаъолияти толлингии ТАЛКО ин корхонаро зараровар кардааст ва айни ҳол ТАЛКО аз тавлиди ҳар тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад. Тибқи гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ТАЛКО дар солҳои 2010-2015 ва аввали соли 2016, ки ахиран расонаӣ шуд, усули толлингӣ ТАЛКО-ро дар вазъи ногувор қарор додааст: “Усули толлингӣ боиси ношаффофӣ дар ҳисоботу созишномаҳо, камсамарии харҷи маблағҳо, афзоиши хароҷоти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ва афзоиши қарздории корхона шудааст”.
Фаъолияти толлингӣ коркарди ашёи хоми ширкати дигарро назар дорад ва ТАЛКО ҳаққи худро барои коркарди алюминий мегирад. Бар асоси ҳисоботи Вазорати молия “Talco Management Limited”, ки соли 2007 барои ТАЛКО таъминкунандаи ашёи хом интихоб шудааст, аз ҳар тонна алюминий 500 доллари амрикоӣ мегирад. Дар ҳоле ки ТАЛКО аз коркарди ҳар тонна алюминий 100 доллар зарар мебинад.
Тибқи ин гузориш инчунин ТАЛКО 3,8 миллиард сомониро, ки тайи солҳои 2010-2015 аз тиҷорати байналмилалӣ ба даст овардааст, дар ҳисоботаш нишон надодааст: “Дар баробари ин истеҳсоли алюминийи аввалия аз 348,8 ҳазори соли 2010 дар соли 2015 то ба 139,1 ҳазор тонна поин фуромад. Қарзи корхона ба ҳолати аввали соли равон 2 миллиарду 257,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондоди соли 2010 859,1 миллион сомонӣ бештар мебошад”.
Вазорати молия инчунин афзудааст, ки теъдоди коргарони ТАЛКО низ кам шуда, аз 10 ҳазору 166 нафари соли 2010 то ба 7 ҳазору 623 нафар дар соли 2015 расидаанд.
Масъулини ТАЛКО дар шарҳи ин гузориши Вазорати молия гуфтанд, низоми толлингӣ корхонаро аз басташавӣ наҷот дод. Онҳо афзуданд, ки изҳороти Вазорати молия хилофи супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки ахиран ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ дастур дод барои дастгирии ТАЛКО чораандешӣ кунанд.