Ҳалокати ноболиғи 5-сола зери чархи “Опел-Вектра”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як писарчаи ноболиғ дар ҷануби Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса зуҳри 24 октябр ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 30-солаи сокини ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Шурбулоқ ба самти деҳаи Ворошилови ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарбачаи 5-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппаро пахш намудааст”.
ВКД мегӯяд, дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.