Додгоҳ ронандаи тоҷикро дар қазияи “гоншикҳо бо Gelandewagen” сафед кард
Додгоҳи ноҳияи Гагарини Маскав ҳукми худ дар баробари қазияи пурсарусадои маъруф ба “ронандаҳои суръат дар Gelandewagen»-ро содир кард.
Бар асоси ҳукми додгоҳ Руслан Шамсуаров, писари ноиби президенти «Лукойл» ва дӯстонаш Мара Багдасарян, Виктор Усков ва Абдуваҳоб Маҷидов аз ҷазои ҳабсӣ озод шудаанд.
Додгоҳ Абдуваҳҳоб Маҷидов, зодаи Тоҷикистонро дар ин қазия комилан бегуноҳ хонда, нисбат ба Руслан Шамсуаров 300 соат корҳои ислоҳии берун аз низоми таълимро татбиқ намудааст. Ҳамчунин ҳамин гуна ҷазо нисбат ба Усков ҳам татбиқ шудааст.
Ин ҳукми додгоҳ дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ бар асоси моддаи 318 кодекси ҷиноии Русия (таҳқири намояндаи ҳокимият) барои Абдуваҳоб Маҷидов ва Руслан Шамсуаров 2 солу 1 моҳ ва барои Усков 2 солу 7 моҳ маҳрум кардан озодиро дархост карда буд. Аммо додрас Олга Зелдина хулосаи тафтишотро иштибоҳ хонда, амали судшавандаҳоро ҳамчун таҳдид ба ҷони пулис баҳогузорӣ накард.
Комилан аз ҷавобгарӣ озод кардани Абдуваҳоб Маҷидови 22-сола, зодаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки ба иттилои расонаҳои русӣ чанде пештар дар мурофиаи додгоҳии қаблӣ ӯ ба баъзе аз гуноҳҳои худ иқрор шуда буд Дар ин қазия се корманди пулиси роҳи Маскав ҳамчун ҷабрдида шинохта шуда буданд. Ин кормандони пулис дар додгоҳ гуфтаанд, ки Маҷидов ва ҳамроҳонаш ба амри онҳо итоат накарда, ҳангоми таъқиби пулис қасди фирор кардаанд ва ҳангоми боздошт ҳолати садамавиеро ба вуҷуд овардаанд, ки ба ҷони кормандони пулис хатар дошт.
Ин ҳодиса моҳи майи соли 2016 рух дода буд, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов сари фармони Gelandewagen бо пулиси роҳи Маскав сабқати суръат карда буданд. Дар наворҳое, ки аз ин ҳодисаи роҳ дар интернет нашр шудаанд ҳамчунин дар баробари “Gelandewagen” –и таҳти идораи Маҷидов дигар автомашинаҳои гаронарзише аз қабили «Кайени», «Ламборҷини» низ дида мешавад.
Маҷидов дар додгоҳи муқаддамотӣ гуфта буд, ки сари чанбаракаи Gelandewagen барои он нишаста буд, ки рафиқаш Шамсуаров дар маркази дилхушии шабона шароб нӯшида будааст. Мақомоти тафтишотӣ ба амалкарди Маҷидов ва ҳамроҳонаш чунин баҳогузорӣ карда буданд, ки ҳаракати онҳо таҳдид ба пулис ва таҳқири корманди ҳифзи ҳуқуқ будааст. Тафтишот Маҷидовро дар ба вуҷуд овардани фазои садамавӣ гунаҳкор карда буд, аммо наздиконаш он замон гуфта буданд, ки ӯ ин корро бо фармоиши Шамсуаров анҷом додааст. Маҷидов худро дар он гунаҳкор хонда буд, ки нисбати кормандони пулис дағалӣ карда буд.