Муъминобод: Имомхатибе, ки аз ҳисоби замину боғ ба хонандаҳо “стипендия” медиҳад...
Иноятулло Абдуллоев, имомсхатиби деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод 9 сол мешавад, ки ба хонандаҳои фаъоли ноҳия аз ҳисоби худ идрорпулӣ ё “стипендия” медиҳад.
Абдуллоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин корро барои руҳбаланд кардани толибилмон анҷом медиҳад: “Ҳарчанд пули ночиз ҳам бошад, аммо бо ин васила мехоҳам онҳо ҳавасманд шуда, хуб дарс бихонанду дар оянда кадрҳои лозим гарданд”.
Иноятулло Абдуллоев афзуд, ӯ замин ва боғ дорад ва аз ҳисоби онҳо ба хонандаҳо идрорпулӣ медиҳад. “Бо қадри имкон барои таъмири мактаби деҳаи Ғеш ёрӣ медиҳам”,-афзуд ӯ.
Сокинони ноҳияи Муъминобод мегӯянд, Абдуллоев борҳо барои обод намудани роҳҳои таъмирталаб маблағ додааст ва ба камбағалону ниёзмандон пайваста дасти ёрӣ дароз мекунад. Абдулло Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ҳоло идрорпулии имомхатибро 5 хонандаи ноҳия, ки дар мактабҳои гуногун таҳсил мекунанд, дарёфт мекунанд: “Як варзишгардухтар ҳам, ки соли гузашта мактаби миёнаро хатм намуда, устоди варзиши қаиқронӣ ҳаст, кумак мегирад. Ҳоло ин варзишгар дар курси аввали Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таҳсил мекунад”.
Худи Матлуба Раҳматова, устоди варзиш мегӯяд, ин амали Иноятулло Абдуллоев барои талошҳояш дар роҳи расидан ба муваффақият нақши бузург дошт: “Медидам, ки дигарон низ кушиш мекарданд, то бо баҳои аъло хонда, сазовори гирифтани “стипендия”-и ӯ гарданд. Соли гузашта ман соҳиби медали тилло гашта, устоди варзиш дар риштаи қаиқронӣ гардидам”.
Ба омори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Муъминобод, Ҳоҷӣ Иноятулло дар як сол барои “стипендия” ва чорабиниҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар аз 5 ҳазор сомонӣ пешниҳод мекунад.