Василев: Муд урён шуд, акнун майли Ислом мекунад
Александр Василев, таърихшиноси муд ва барандаи барномаи маъруфи “Модный приговор”-и шабакаи аввали Русия мегӯяд, даҳ соли оянда муди исломӣ ҳукмфармо хоҳад буд.
Василев дар суҳбат бо “Спутник Тоҷикистон” изҳор доштааст, муд ояндаи дигар надорад, зеро комилан бараҳна шуд: “Муд ногузир майл ба Ислом хоҳад кард. Ҳиҷобу рӯсариҳо бештар хоҳанд шуд. Ҷойгоҳи мусалмонҳо дар олами муд васеътар шудааст ва ин раванд ҷаҳонӣ гардидааст”.
Ӯ афзудааст, ки аз ин раванд хурсанд ё хафа нест, ин воқеият аст. Василев мегӯяд, либоси аслии масеҳиҳо низ, ки имрӯз дар колисоҳо ҳаст, аз либосҳои исломӣ чандон фарқ надорад.