Нахустин бор дар таърих: Футболбозони ҷавони тоҷик дар чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё (АКС)
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол барои нахустин бор ба даври чорякниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони синнашон то 19 роҳ ёфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии охири гуруҳии мунтахаби ҷавонони кишвар шоми гузашта бо дастаи Австралия мусовӣ 0:0 хотима ёфт. Ин бозии калидии охирини гурӯҳи “Д” шоми 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд.
Нахустин дидори мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё бо ғолиби гурӯҳи “С” – Ҷопон 24 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн баргузор хоҳад гашт.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии нахустинаш дар гуруҳи “D” аз Узбакистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, Чинро дар бозии дуюмаш 2:0 шикаст дод ва бозии сеюмашро бо Австралия мусовӣ 0:0 анҷом дод.