Заҳролудшавии 5 донишҷӯдухтар баъди хӯрдани кабоб дар хобгоҳ
Панҷ донишҷӯдухтари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб шоми 20-уми октябр дар ҳолати вазнин дар беморхонаи сироятии шаҳр бистарӣ шудаанд.
Маҳмадназар Талбаков, сардухтури беморхона дар суҳбат бо “Озодагон” тасдиқ кард, ки донишҷӯдухтарон-Балхумор Ахмедова, Омина Асоева, Савронбии Исмоил, Идигул Бозорова ва Шукронаи Аҳмад дар пайи истеъмоли гӯшти бирён заҳролуд гардидаанд: "Ду нафарашон дар ҳолати вазнин ва се нафари дигар дар ҳолати вазнини миёна шоми 20-уми октябр дар беморхона бистарӣ шуда буданд".
Духтарони заҳролудшуда, ки дар хобгоҳи рақами 3-и донишгоҳи Кӯлоб иқомат доранд, изҳор доштанд, ки гӯшти мазкурро хонаводаи яке аз донишҷӯдухтарон аз ноҳияи Темурмалик равон намудааст.
Талбаков мегӯяд, феълан вазъи саломатии донишҷӯён беҳтар шуда, муътадил мебошад.