Шаб дар Суғд: “Мерседес” бо ронандаву ҷавондухтар оташ гирифт
Дар пайи сӯхтори як сабукрав дар шимоли Тоҷикистон ду нафар ҷароҳат бардоштааст.
Аз Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд ба хабаргузории “Озодагон” гуфтанд, ин ҳодиса соатҳои 00:05-и шаби 19 ба 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст: “Дар вақти ҳодиса дар дохили “Мерседес-Бенс” 2 сокини ин шаҳр -- ронанда ва як ҷавондухтар, қарор доштаанд. Дар натиҷа 8%-и аъзои бадани ронандаву мусофир сӯхтааст”.
Ба иттилои манбаъ, кормандони хадамоти оташнишонӣ фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ин ду ҷавонро наҷот додаанд: “Феълан иллати аслии оташгирии нақлиёти мазкурро санҷида истодаем”.
Дар соли равон ин 6-умин ҳодисаи оташгирии нақлиёт дар қаламрави шаҳри Хуҷанд мебошад, ки сабабҳои аслии он нуқсони газӣ арзёбӣ мешавад.