Пуштибонии президент аз тарҳи мамнуъияти “Салафия” дар Қазоқистон
Мақомоти Қазоқистон дар садади эҷоди тарҳи мамнуъият ва маҳдудияти таблиғ ва парайвӣ аз фирқаҳои мазҳабии “Ваҳҳобия” ва “Салафия” дар ин кишваранд.
Ба иддаои мақомот, фаъолияти ин фирқаҳои мазҳабӣ дар Қазоқистон хатарнок буда, оянда метавонад барои ин кишвар дарди сар эҷод кунад. Нурлан Ермекбаев, вазири умури динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон зимни муаррифии тарҳи мазкур дар шаҳри Остона гуфтааст, “ваҳҳобият ва салафигарӣ хатар ва таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти ин кишвар маҳсуб мешавад ва вазоратхона таҳти раҳбарии ӯ, рӯи тарҳе кор мекунад, то ин хатарро ба таври куллӣ аз кишвар дур созад”.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон низ аз тарҳи мамнуъияти фирқаи мазҳабии “Ваҳҳобия” ва “Салафия” пуштибонӣ карда, таъкин намудааст: “Ҳамлаҳои террористӣ, ки дар моҳҳои ахир дар минтақаҳои кишвар ба вуқӯъ пайваст, тавассути унсурҳои салафӣ барномарезӣ ва иҷро шуда буд”.
Ин тасмими мақомоти Қазоқистон дар ҳолест, ки бархе кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон солҳо қабл ин ду фирқаи мазҳабиро мамнӯъ карда буданд.