Ҳомиёни олами вуҳуш бо нашри як гузориши ҷадид дар бораи савдои ғайриқонунӣ изҳор доштаанд, ки ҳанӯз ҳам дар куҳҳои Тоҷикистону Чин садҳо бабри барфии нодир қатл мешаванд.
Тибқи ин гузориш, ки дар доираи барномаи байналмилалии ҳифзи вуҳуш аз савдои ғайриқонунӣ, нашр шудааст, пӯсти бабри барфӣ дар бозори сиёҳ ҳудуди 10 ҳазор доллари амрикоӣ нарх дорад.
Ба иттилои мутахассисон сарфи назар аз он, ки шикори бабри барфӣ дар 12 кишвари Осиё мамнуъ эълон шудааст, аз соли 2008 то ҳол аз 221 то 450 бабри барфӣ қатл шудаанд: “Нисфи бабрҳои барфиро чӯпонҳою хоҷагидорон барои ҳифзи ҳайвонҳои хонагияшон куштаанд, нисфи дигар аз ҷониби қочоқбарон шикор шудаанд”.
Ин дар ҳолест, ки чӯпонҳои ноҳияи Рӯшон тобистони соли равон тариқи “Озодагон” аз мақомот барои ҳифзи чорвояшон аз ҳамлаҳои пайдарпайи бабрҳои барфӣ кӯмак хоста буданд. Дар пайи ин муроҷиат ҳомиёни табиат ба чӯпонҳо ваъда додаанд, ки барои ҳифзи чорвояшон кӯмак мекунанд, аммо то ҳол хидматеро ироа накарданд.
Бабри барфӣ ба феҳрасти ҳайвонҳои нодир ворид буда, ба ҳисоби соли 2003 дар ҷаҳон аз 4 ҳазору 80 то 6 ҳазору 590 бабри барфӣ мавҷуд мебошанд. Соли 2015 соли ҳифзи бабри барфӣ эълон шуда буд.Бабри барфӣ дар ноҳияи Дарвоз: