“Чанд метри мукааб ишқ” Шоҳҷоизаи “Дидор”-ро ба Афғонистон мебарад (АКС)
“Чанд метри мукааб ишқ”-и коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ беҳтарин филми Ҳафтумин ҷашнвораи синамои байналмилалии “Дидор” эътироф шуд.
Доварони ҷашнвора филми “Ҳар яке”-и коргардони рус Николай Котяшро беҳтарин филми кутоҳметраж эълон карданд. “Мушкилкушо”-и коргардон Умед Мирзоширинов бошад, беҳтарин филми тоҷикӣ унвон шуд.
Расми эълони барандаҳои Синамобазми “Дидор” шоми 20 октябр дар театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат пазируфт.
Сафар Ҳақдодов, раҳбари Анҷумани синамогарони Тоҷикистон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҷашнвораи ҳафтуми “Дидор” 80 филм ба намоиш гузошта шуд. Ба гуфтаи ӯ, имсол ҷашнвораи ҷаҳонии "Фаҷр"-и Эрон ба ҳайси шарики "Дидор" иштирок кардааст: "Ҳамкориҳои мо дар оянда густариш хоҳад ёфт”.
Ризо Киёнин, коргардони шинохтаи Эрон ва яке аз доварони байналмиллалии “Дидор” ба “Озодагон” гуфт, интихоби филми беҳтарин кори мушкил набуд ва филми “Чанд метри мукааб ишқ”, ки ҳам дар Эрон ва ҳам дар Афғонистон наворбардорӣ шудааст, аз ҷониби тамошобин хуб истиқбол шуд ва мавзӯю муҳтавояш низ ҷолиб буд.
Ҷашнвораи имсолаи "Дидор" ба ёди Бахтиёр Худоназаров, коргардони маъруфи тоҷик бахшида шуд. Ҷашнвора бо намоиши филми "Братан" (Бародар)-и Худоназаров рӯзи 16 октябр оғоз шуда, шоми дирӯз поён ёфт. Дар он намояндагон аз Русияву, Эрон, Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат доштанд.
Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” шурӯъ аз соли 2004 дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.