Ораш РУСТАМ
Ҳоло ҳама ҷо, чӣ дар расонаҳо, чӣ дар доираҳои коршиносон, чӣ дар маҳофили сиёсӣ баҳс сари таҳдидҳои гуруҳи ба ном “Давлати Исломӣ”-ву ноамнӣ дар Афғонистон аст. Ба назар мерасад, занги хаттарро ҳар рӯз бештару бештар бузургтар нишон медиҳанд. Аммо Чин кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ қавӣ ором-ором барномаҳои иқтисодии худро дар минтақаи Осиёи Миёна пиёда мекунад ва ба назар мерасад, ин “аждаҳои хуфта” иштиҳои беохаре дорад...
Чин агарчӣ ба нигаронии кишварҳои Осиёи Миёна вокуниш нишон намедиҳад, омодаи ҳамсадо шудан аст, вале равобити иқтисодиро беҳтар аз ҳамкориҳои амниятӣ-низомӣ дониста, дорад майдони нуфузи иқтисодиаш ба Осиёи Марказиро густариш медиҳад. Барномаи “Камарбанди роҳи абрешим” аз ҷумлаи барномаҳои иқтисодии ин кишвар аст, ки ҳоло дар садади иҷро аст. Чин мехоҳад ба василаи ин барнома ҳавзаи нуфузи иқтисодиашро аз Осиёи Миёна то Аврупо густариш диҳад. Ҳатто бархе давлатҳои аврупоӣ, ба мисли Олмон ба ин барномаи иқтисодӣ вокуниши мусбат нишон дода, пайвастаанд. Ин барнома, ки муҳлати иҷрояш солҳои тӯлониро дар бар мегирад, метавонад заминаи рушд ва густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Миёнаро фароҳам биоварад ва онҳоро беш аз ҳад вобастаи Чин кунад. Ба назари бархе таҳлилгарон, агарчӣ Чин зоҳиран ҳавасманди рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, вале амалан барномаҳои иқтисодии ӯ бар мабнои манофеи худаш пеш меравад. Ин кишвар дар даҳсолаи ахир бо сармоягузориҳои ҳангуфт тавонист манофеи иқтисодиаш дар ин минтақаро тақвият бахшад ва аз бархе рақибони аз нигоҳи иқтисодӣ заъифи худ, мисли Русия пеш гузарад. Русия ба барномаҳои иқтисодии Чин дар Осиёи Миёна ба дидаи шак менигарад, вале ба иллати он ки тавони муқобила бо ин барномаҳоро надорад, ҳозир аст, густариши робитаҳои иқтисодии Чинро таҳаммул кунад. Русия аз нигоҳи иқтисоди заъиф аст ва тавони сармоягузорӣ ба ин минтақаи қашшоқро надорад.
Чин ҳама ин омилҳоро ба назар гирифта, ҳатто ҳавзаи муносибатҳои иқтисодиашро то ба Афғонистону Эрон густариш додааст. Чин чандин пружаҳои иқтисодӣ дар Афғонистон дорад; дар кишваре, ки фазои бади амниятӣ ҳукмрон аст ва кишварҳо ба ояндаи рушани он чандон бовар надоранд. Зикр ин нукта ба ин маънӣ аст, ки Чин аз даргирӣ ва шарик шудан ба масоили амниятӣ шадидан худро дур мегирад. Ӯ робитаҳои иқтисодиро бар қудрати низомӣ доштан дар минтақа тарҷеҳ дода, бо ҳамин васила тавонистааст, ба хостаҳои худ даст ёбад. Қисме аз ин хостаҳо, на бо зӯри силоҳ, балки бо фишанги иқтисодӣ ҳал шуд. Қазияи баҳси марз бо кишварҳои Осиёи Миёна “дастоварди беназир”-и Чин дар Осиёи Миёна буд, ки ба таври “осоишта” ҳал шуд. Ин далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки Чин ба дунболи нуфузи иқтисодӣ дар Осиёи Миёна буда, ҳамчунин мехоҳад, хеле масоили баҳсталабро аз ин тариқ, яъне фишанги иқтисодӣ ҳал кунад. Буҳрони иқтисодии ду соли ахир нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Миёна дар шароити буҳронӣ тавони муборизаро надоранд ва дар ин шароити ҳассос рӯ ба кишварҳои қудратманд меоваранд. Чин аз ин фурсатҳо моҳирона истифода мекунад ва бо сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф мавқеъи худро дар минтақа уствортар мекунад. Ҳоло Чин бо Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон равобити хуби иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад. Чин ба кишварҳои номбурда миллардҳо доллар сармоягузорӣ кардааст. Ҳоло Чин дар Осиёи Миёна бо шароити нав рӯ ба рӯ мешавад. Акнун дар пайи таҳдидҳои нав, як навъ бурузи нафрат аз сӯйи мардуми маҳаллӣ нисбат ба фаъолиятҳои беохари Чин эҳсос мешавад. Иқдоми эътирозии мардум дар Қазоқистон барои додани заминҳо ба кишварзони чинӣ далел бар ин аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа аз фаъолиятҳои беохири Чин нигаронанд ва эҳсоси амният намекунанд. Ин эътироз ба ин маънӣ ҳам ҳаст, ки мардум “ҷонаш ба лаб” омадааст ва дигар “тоқат” надорад, ки Чин ба ҳамаи сарватҳои табиӣ дар ин кишварҳо даст ёзад.
“Камарбанди роҳи абрешим”, ки як барномаи сирфан иқтисодӣ талаққӣ мешавад, як навъ стротежиии дарозмуддати Чин дар Осиёи Миёна то ба Қафқозу Аврупо аст. Яъне, иштиҳои беохари ин аждари хуфта рӯз аз рӯз бештар мешавад ва мо шоҳидем, ки фаъолиятҳои иқтисодии ин кишвар дар ин минтақа бештар шудааст. Чин аз ин барнома суди бештаре мехоҳад бардорад. Сарватҳои табиӣ, заминҳои зиёди бекорхобида ва даҳҳо чизҳои дастнахӯрдаи ин минтақа чашми Чинро боз кардаанд ва он барнома мехоҳад, ба ин чизҳо дар Осиёи Миёна даст ёбад. Интиқоли қувваи корӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна низ ҷузъе аз ин барнома аст, ки Чин мехоҳад амалӣ кунад. Сиёсатҳои хориҷии Чин, ки ҳамеша тавсеаталабона ҳаст, хеле махуф ба назар мерасад ва касе пешгӯӣ кардан наметавонад, ки 50-сол баъд ҳосили ин тавсеаталабиҳо чӣ хоҳад буд. Бинобар ин, кишварҳои Осиёи Миёнаро зарур аст, дар канори нигарониҳои амниятӣ ин масъаларо низ дар рӯи мизи баррасӣ қарор диҳанд.
Оё ин равобит фардо дардисарсоз нахоҳад шуд?
Ин суол бояд ба баррасӣ гирифта шавад.