Ҳамлаи мусаллаҳона ба Бахтиёр ва Миралӣ дар Питер
Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия Бахтиёр ва Миралӣ, ду зодаи Тоҷикистон мавриди ҳамлаи шахсони номаълум қарор гирифтаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ ҳодиса 19 октябр тақрибан 00:30 рух дода, ҳамлагарон симои осиёӣ доштаанд.
Манобеъ мегӯянд, ба пулис дар бораи ин қазия табибон хабар додаанд. Миралӣ.Б дар шарҳи ҳодиса изҳор доштааст, ки шахсони номаълум бо ду мошини сабукрав автомашинаи “Нексиа”-и дусташро манъ карда, ӯро бо корд аз қисмати пой захмӣ кардаанд.
Пулис аз қавли табибон иттилоъ додааст, ки вазъи саломатии Бахтиёри 29-сола вазинин буда, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона қарор дорад ва феълан бозпурсии ӯ ғайриимкон мебошад.