Имрӯз дар Душанбе пайомадҳои ҷорӣ кардани андози аксизӣ барои ширкатҳои дастраскунандаи интернет баррасӣ мегардад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ташкилоти ҷамъиятии «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» хабар доданд. Ба сифати ташкилкунандагони мизи гирд, дар баробари «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» инчунин Асосиатсияи дастраскунандагони интернети Тоҷикистон баромад мекунад. Ба иттилои ташкилкунандагон, Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон, сар аз оғози соли ҷорӣ барои дастраскунандагони интернет андози 3 фойизаро ҷорӣ кардаст, ки тартиби ҷорӣ кардани он ба гуфтаи намояндагони соҳа заъфи ҳуқуқӣ дорад. Инчунин, намояндагони ширкатҳои дастраскунандаи интернет пешгӯӣ мекунанд, ки дар пайи роҳандозии ин намуди андоз, суръати рушди соҳаи телекомуникатсия суст шуда, боиси афзоиши нархи хизматрасониҳо барои истифодабарандагони интернет, камшавии сармоягузорӣ ба соҳа ва мувофиқан камшавии даромад ба буҷет мегардад.
Дар мизи гирд, ки бо ширкати намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони мустақил сурат мегирад, ҳамаи паҳлӯҳои ҷорӣ намудани андози аксизиро барои дастраскунандагони интернет баррасӣ хоҳанд кард. Мақсад аз ташкили мизи гирд, мусоидат барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва зиёд намудани самаранокии сиёсати андозӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.