Ҳабси Фотеҳ барои даъват ба терроризм дар "Однокласники"
Додгоҳи вилояти Владимири Русия Фотеҳ Холинов, шаҳрванди Тоҷикистонро барои даъват ба терроризм дар шабакаи “Одноклассники” ба ду соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора додситонии вилояти Владимир хабар дода, афзудааст, ки Холинов соли 2012 ба Русия омадааст: “Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои терорристӣ, матолибу иттилоот дар бораи даъват ба терроризм ва видеоҳои марбут ба онро паҳн мекард”.
Ба иттилои манбаъ, алайҳи Холинов барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва ҷонибдорӣ аз он парванда боз шуда буд: “Бар асоси хулосаи таҳлилгарон видеоҳое, ки ӯ паҳн кардааст, даъват ба терроризм, шомилшавӣ ба “Давлати исломӣ” ва иштирок дар амалҳои ғайриқонунии ин созмонро фаро мегирифтаанд”.
Додситонӣ мегӯяд, додгоҳ бо назардошти он, ки Холинов ба гуноҳи худ пурра иқрор гашт, ӯро ба 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.