Фатвои Шӯрои уламо дар бораи исқоти ҳамл
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, исқоти ҳамл то 4 моҳагӣ ҷоиз аст.
Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш дар мавриди исқоти ҳамл гуфтааст, “агар ҳамли дар батнбудаи зан ҳанӯз чормоҳа нашуда бошад, исқоти он ҷоиз аст”.
Шӯрои уламо таъкид намудааст, ки дар сурате агар ҳамл дар батни модар чормоҳа ё бештар аз он бошад, исқоти он ҷоиз нест: “Зеро ин амал қатли нафс маҳсуб мешавад ва он гуноҳи кабира аст”.