Ҳалокати сокини 70-солаи Деваштич зери чархи “ДЭУ-Сиело”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар шимоли Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 19 октябр тахминан соати 22:40 сокини 26-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” идораи мошинаш -- “ДЭУ-Сиело”-ро аз даст дода, cокини 70-солаи деҳаи Хуҷаҳои ноҳияи Деваштичро пахш намудааст.
Манбаъ мегӯяд, ин ҳодиса дар километри 253-юми ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтании ноҳияи Деваштич ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.