Интихоботи президентии Узбакистонро се намояндаи Тоҷикистон назорат мекунад
Раванди интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистонро дар рӯзи 4 декабри имсол се намояндаи Маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (МИРТ) назорат хоҳанд кард.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ин ҳайат Бахтиёр Худоёрзода, раҳбари МИРТ, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Академияи улмҳо ва Носирҷон Салимӣ, раиси Донишгоҳи омӯзгорӣ шомиланд.
Маркази интихоботи Узбакистон қаблан хабар дод, ки ҳамаи номзадҳои пешбаришуда ба мақоми президентӣ – Шавкат Мирзиёев (иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур), Сарвар Отамуродов (муовини раиси палатаи поёнии парлумон), Ҳотамҷон Кетмонов (раиси ҳизби ҳалқӣ-демократӣ) ва наримон Умаров (раиси ҳизби “Адолат”) сабти ном шудаанд.
Ислом Каримов, нахустин раисиҷумҳури Узбакистон 2 сентябри соли равон бар асари хунравии мағзӣ дар синни 79 даргузашт.