Ҷазои андозгурезон сабуктару аз хоинон сангинтар шуд
Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 19 ноябр пешниҳоди ҳукуматро барои тағйири Кодекси ҷиноӣ қабул кард, ки бар асоси он ҷазо барои терроризму хиёнат ба Ватан сангинтару барои андозгурезӣ сабуктар шуд.
Ҳотам Назарзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон ҳангоми муарифии ислоҳи Кодекси ҷиноятӣ гуфт, меъёрҳои ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои терроризм, ифротгароӣ, хиёнат ба Ватан, ширкат дар гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва тавҷеҳи терроризму экстеримиз дар расонаҳо сангинтар мешаванд.
Қаблан мувофиқи моддаи 305-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкорон барои хиёнат ба ватан аз 12 то 20 сол равонаи зиндон шуда, амволашон ҳам мусодира мегардид. Бар асосои тағйироти ворида ба моддаи номбурда хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ бо истифода аз мансаб барои содир кардани ҷиноятҳои мушобеҳ барои 25 сол бо мусодираи амвол зиндонӣ мешаванд. Дар ҳолатҳои истиноӣ якумра равонаи зиндон мегарданд.
Дар баробари ин тибқи тағйироти нав дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ин ба баъд агар мутаҳҳамон дар андозгурезӣ маблағи ошкоршударо давоми 24 рӯз бипардозанд аз ҷавобгарӣ озод мешаванд. Ин нафарон ҳамчунин аз пайгарди қонунӣ ҳам озод мегарданд.