Ҷузъиёти боздошти “Мулло Рӯзиқул" ва "Қорӣ Фатҳиддин”: Таҷовуз дар ҳоли беҳушӣ ва талаби банд аз Сурия то Тоҷикистон (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Дустмуродов Ризоқул Хушмуротович, сокини 56-солаи ноҳияи Шаҳринав хабар дод, ки ба ҳайси “мулло” дар қаллобӣ ва амалҳои хусусияти шаҳвонидошта муттаҳам мешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Дустмуродов дар ягон донишкадаи исломӣ таълимоти динӣ нагирифта, ба гуфтаи худаш чанд муддат дар назди кадом домуллое сабақ гирифтааст: “Дар манзили зисти худ воқеъ дар ҷамоати Акрамалӣ Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ба қасидахонӣ, ҷинбарорию таштобу туморнависӣ ва ба сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, мизоҷони ӯ бештар бонувон будаанд, ки оқибат мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд”.
ВКД саргузашти як зани сокини ноҳияи Шаҳринавро мисол овардааст, ки барои кушодани бахташ Мулло Ризоқул аз ӯ ашё ва пусти ҳар гуна ҳайвонҳои нодирро барои навиштани тумор талаб мекардааст: “Мулло Ризоқул шаҳрванд А.Г.-ро бо баҳонаи он ки гӯё дар вилояти Суғд шинос дорад, пусти оҳуро аз онҷо пайдо карда, барои кушоиши бахт тумор менависад, А.Г.-ро барои бо худ бурдан ба шаҳри Хуҷанд розӣ кардааст. Ҳамин тариқ А.Г.-ро ба меҳмонхонаи «Ленинобод» бурда, ба об ҳабҳои мадҳушкунандаро омехта намуда, ба ӯ қайтарма гуфта, нушонда, сипас ба номусаш дастдарозӣ кардааст”.
Манбаъ афзуд, мулло Ризоқул барои рӯйпуш кардани кирдорҳои бадахлоқонаи худ дигар илоҷе наёфта, ба писараш Дустмуродов Аскар дастур додааст, ки ҳамсарашро талоқ диҳад: “Акнун мулло Ризоқул ба писараш нафареро хостгорӣ кардааст, ки қаблан мавриди истисмори шаҳвонии худаш қарор дошт. Ӯ бе ягон шоҳид ва надонистани хутбаи никоҳи мусулмонӣ А.Г.-ро ба писараш Аскар Дустмуродов никоҳ карда, писарашро аз воқеияти ҳол огоҳ кардааст, ки гарчанде ин дар никоҳи ту бошад ҳам, вале ту бо А.Г. муносибати оиладорӣ накун. Мулло Ризоқул шаҳрванд А.Г.-ро ба писараш никоҳ карда бошад ҳам, вале муносибати разилонаю фосиқонаашро қатъ накарда, А.Г.-ро мавриди шиканҷаву озори шаҳвонӣ қарор медодаст”.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохоилӣ Аскар Дустмуродов писари мулло Ризоқул ба амалҳои фосиқонаи падараш тоқат накарда, тарки Ватан карда, пас аз 8-моҳ тавассути телефон А.Г.-ро талоқ додааст.
Мақомот Ризоқулро инчунин дар он муттаҳам мекунанд, ки шаҳрванди дигар Саймиддинов Фатҳиддин Ҳусниддинович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҳисорро миёни мардум ҳамчун муллое муаррифӣ кардааст, ки гӯё бо дуо ва истеъдоди беназири худ ба ҳама кор қодир аст: “Қорӣ Фатҳиддин аз ҷумла, бо миёнаравии Мулло Ризоқул шаҳрванд Саидмуродов Мурод, сокини ноҳияи Шаҳринавро ба доми худ афканда, ваъда додааст, ки бародарашро бо дуо аз давлати Сурия ба Тоҷикистон бармегардонад. Маблағҳое, ки Мурод Саидмуродов аз филиали бонки «Имон-интернешнл» дар ноҳияи Шаҳринав ба ивази гарав гирифта будааст, онҳоро мулло Ризоқул ба Қорӣ Фатҳиддин додааст”. Манбаъ афзуд, ки барои баргардондани бародари Саидмуродов муттаҳамон аз ӯ банди дарозиаш аз Сурия то Тоҷикистонро талаб кардаанд.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ Қорӣ Фатҳиддин зимни бозпурсӣ шоҳидӣ додааст, он маблағҳоеро, ки бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон ба даст меовард, барои бунёди манзили зисташ сарф кардааст.
ВКД боздоштшудаҳоро аъзои ҲНИТ муаррифӣ карда, афзудааст, ки ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Қорӣ Фатҳиддин дар паҳлӯи китобҳои мазҳабӣ тумору таштоб, як адад сигорети тамғаи «Беломор» дарёфт шудааст, ки дар дохилаш бангдона будааст: “Айни замон, нисбати ин ду нафар аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав мутобиқи моддаҳои 247 қисми 3 ва 347 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд”.