Русия шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро дар узвият ба ДИИШ муттаҳам мекунад
Пулиси Урали Ҷанубии Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм дар пайгард қарор додааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Челябинск Оятулло Муродови 24-сола зодаи рустои Заргари ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон буда, эҳтимол меравад, дар ҷангҳои Сурия аз ҷониби гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат ан-Нусра” иштирок карда бошад. Пулис бо насби аксҳои Муродов аз сокинон даъват кардааст, агар дар бораи ҷойи будубоши ӯ маълумот дошта бошанд, хабар бидиҳанд.
Акс аз сомонаи РКД вилояти Челябинск