Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз тағйирот дар “Озодагон”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои як қарори ҳукумат аз тағйири номи бархе маҳаллаҳои аҳолинишини Суғду Хатлон ҷонибдорӣ кардааст.
Тибқи қарори ҳукумат, вакилони вилояти Суғд пешниҳод кардаанд, ки номи шаҳрчаи Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Меҳробод ва деҳаи Қарақчиқуми ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом ба Ҷаҳонзеб иваз карда шавад.
Инчунин вакилони вилояти Хатлон пешниҳод кардаанд, ҷамоати деҳоти “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи Қадриддин Ғиёсов, ҷамоати деҳоти “Сайёд”-и Шаҳритус ба ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов гузошта шавад. Дар баробари ин вакилони халқӣ хостаанд, номи бархе аз деҳоти ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ низ тағйир ёбад: “Аз ҷумла номи деҳаи Бешқудуқи ҷамоати деҳоти “Озодагон” ба Навшод иваз карда шавад. Дар ноҳияи Панҷ инчунин номи деҳаи Хоҷа-қучқор ба Чорсу, Бурбулоқ ба Чашма, Тугаланг ба Чаманистон, Қирғиз ба Ҳамдилон ва номи Кулдимон ба Кулдоман иваз карда мешавад”.
Ҳукумати Тоҷикистон тағйироти мазкурро тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Миллии кишвар пешниҳод кардааст.