Нашри китоби нави Луқмон Бойматов
Нашриёти “Истиқбол” асари нави таърихдони тоҷик Луқмон Бойматовро аз чоп баровард.
Ин китоб “Сипитамон” ном дошта, ба гуфтаи муаллифи он давоми тадқиқотҳои қаблӣ дар мавзӯи Спитамон мебошад. Луқмон Бойматов мегӯяд, дар навиштани ин китоб аз асар ва маъхазҳои хориҷ аз Тоҷикистон, ки то ҳанӯз дастраси доираҳои илмии кишвар набудаааст, истифода кардааст: “Корномаи Спитамон то кунун, асосан тавассути осори адабӣ матраҳ шуда. Аммо таҳқиқоте, ки аз ҳар ҷиҳат илмӣ бошад, дар бораи ин абармарди таърих сурат нагирифтааст. Таваҷҷуҳ намоед, миллати мо ҳатто номи аслии ин қаҳрамони таърихро ба иштибоҳ “Спитамен” мегӯяд, худ ин амр далели рӯшани ноогоҳии миллат аз таърихи худ аст”.
Луқмон Бойматов таърихнигор ва шарқшиноси тоҷик буда, дар Шветсия ба сар мебарад ва дар заминаи корномаи қаҳрамонони халқи тоҷик, аз ҷумла Темурмалик, Спитамон, Деваштич асарҳо таълиф кардааст.