Нархномаи нав, ки "Барқи тоҷик" нахост нишон диҳад (АКС)
Дар ҳоле ки “Барқи тоҷик” ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз пешниҳоди ҳар гуна иттилоъ дар мавриди болоравии нархи барқ худдорӣ мекунанд, “Озодагон” нархномаи нави тасдиқкардаи ҳукумати Тоҷикистонро дастрас намуд.
Бар асоси нархномаи нав, ки 1-уми октябр аз сӯи ҳукумат тасдиқ шудаасту аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор мегирад, нархи як киловат нерӯи барқ ба 14,65 дирам баробар хоҳад шуд. Нархи ҳар киловат неруи барқ барои корхонаҳо бошад, 35,65 дирам муайян шудааст.
Нархи ҳар Гкал гармӣ барои ниҳодҳои буҷавӣ 51 сомонӣ, барои харидорони яклухт, ки аҳолиро бо гармӣ таъмин мекунанд-6,64 сомонӣ ва барои харидорони дигар 196,3 сомонӣ муқаррар карда гардидааст.
Нархномаи нави нерӯи барқу гармӣ, тамоми муштариёни “Барқи тоҷик”-ро, ба истиснои корхонаи алюминийи тоҷик-“ТАЛКО”, дар бар мегирад. Ҳукумат ҳадафи ин иқдомро мусоидат барои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон гуфтааст.
Дар ҳоле ки то роҳандозии нархи нави неруи барқу гармӣ ду ҳафтаи дигар мондааст, ширкати “Барқи тоҷик” аз пешниҳоди иттилоъ дар ин бора ба мардум худдорӣ мекунад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” имрӯз, 18-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳанӯз ҳеч иттилое дар ин бора рӯи даст нест.